Хабарагентии Абно: Се сол аст, ки Осиёи Ғарбӣ бо садои таркишҳои таҷовузкоронаи режими сионистӣ, албатта бо кӯмаки Амрико, аз хоб бедор мешавад; се сол аст, ки барои як қисми мардуми ҷаҳон, субҳ бо ёфтани об ва нон оғоз мешавад ва шаб бо шумурдани одамоне, ки дигар барнагаштанд. Аз 7 октябри 2023 то имрӯз, ҷуғрофияи ҷанги бузург васеътар шудааст ва радди ҳамлаҳои режими кӯдаккуши Исроил аз кӯчаҳои Ғазза то хонаҳои Ҷануби Лубнон ва баъд осмони Эрон кашида шудааст; ҷанге, ки дар он беморхонаҳо дар амон намонданд ва барои мардум ҳатто паноҳгоҳи бехатар буда натавонистанд, мактаб аз синфхона ба ҷои дафни кӯдакони бегуноҳ табдил ёфт ва об ва ғизо, аз ибтидоитарин ниёзҳои зиндагӣ ба як қисми муодилаи ҷанг барои хунхӯрони ҷаҳон табдил ёфт.
Агар қарор бошад се соли гузаштаро бо таърихи амалиётҳо, номҳои силоҳҳо ва шумораи ҳамлаҳо ривоят кунем, чизе аз он чи бар мардум гузашт дида намешавад. Он кӯдаконе дар Ғазза, ки сония ба сония дилашон ларзид ва дар кафан печида дар оғӯши модари шаҳид шуданд, хонаҳое, ки ба ғайр аз харобӣ асаре аз онҳо боқӣ намонд, модаре, ки дигар садои фарзандашро намешунавад, кӯдаке, ки дигар номи падарро садо намезанад, духтуре, ки дар торикӣ ва бидуни таҷҳизот болои сари маҷрӯҳе истодааст, ки шояд дигар имкони наҷоташ вуҷуд надорад; кӯдаке, ки ба ҷои ҷузъдони мактаб, чанд шишаи об бо худ мебарад. Ин ривояти се сол аст, ки дар он режими ғосибu Исроил Ғаззаро ба яке аз бузургтарин саҳнаҳои харобии инсонии ҷаҳон табдил дод ва домнаи ҷангталабию кӯдаккушиаш то Лубнон ва Эрон ҳам расид.
Ғазза, Лубнон ва Эрон се ҷуғрофияи гуногунанд, аммо дар се соли гузашта, як тасвири муштарак бисёр маротиба такрор шудааст: ба шаҳодат расидани мардуми бегуноҳ. Се соли гузаштаро наметавон танҳо бо шумораи мушакҳо, амалиётҳо ва ҳадафҳои низомӣ чен кард. Бояд онро бо шумораи кӯдаконе чен кард, ки дигар ба мактаб барнагаштанд; бо беморхонаҳое, ки дигар бемор қабул карда натавонистанд; бо хонаҳое, ки соҳибонашон зери харобӣ монданд; бо модароне, ки фарзандашонро ба хок супурданд; бо мардуме, ки барои об саф кашиданд ва бо оилаҳое, ки як субҳ аз хона берун рафтанд ва дигар ҳеҷ гоҳ ба хонаҳояшон барнагаштанд. Радди хун аз Ғазза то Лубнон ва Эрон кашида шудааст; радде, ки бо анҷоми ҳар ҳамла аз байн намеравад ва дар ҳофизаи мардуме мемонад, ки ҳанӯз дар миёни ҷанг дунболи нишонае аз зиндагӣ мегарданд.
Your Comment